расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани марди 33-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани марди 33-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:10-дақиқа, дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Паймон»-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, 1-маротиба ба рӯи ҷабрдида задаст. Мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.