расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сапқати ронандагон ба фоҷиа анҷом ёфт

. / Ҳаводис

Сапқати ронандагон ба фоҷиа анҷом ёфт

Нимаи дуюми рӯзи 28-уми август, тахминан соати 16, дар маркази шаҳри Панҷакент, дар назди муҷассамаи қаҳрамони халқ Деваштич садамаи мудҳише рух дод, ки ду ронандаи бехуд дар натиҷаи мошиндавонӣ онро ба вуқуъ оварданд ва оилаи намунавиеро аз деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент ба мусибати сахт гирифтор карданд.
Оилаи Мирзоевҳоро, на танҳо дар деҳаи Филмандар, балки дар тамоми қаламрави шаҳри Панҷакент чун оилаи намунавӣ, солеҳ ва тарбиятдида мешиносанд. Ҳамаи бародарону хоҳарон ва фарзандони онҳо бародари калониашон Ҳасанро ба ҷои падар медонанд ва қадаме аз гуфтаи ӯ берун намемонанд.
Ҳасан ва ҳамсари марҳумаш, ки дар панҷоҳу чорумин соли умраш бо айби ронандаи касофате, ки баъди садама рӯ ба гурез ниҳод, ин дунёро тарк гуфт, ду писар ва се духтарро ба воя расонданд, ки боре омӯзгоре аз онҳо шикоят накардааст. Дониши баланд ва одоби намунавии фарзандони ин хонадон аст, ки баробари шунидани хабари ба садама дучор шудани Шервон Мирзоев кулли омӯзгорон МТМУ № 25 ба гиря даромаданд. Аз ин хонадон то имрӯз нафаре нӯшокии спиртӣ истеъмол накардааст Падари хонадон шодравон Ҳоҷӣ Кӯчмурод Мирзоев механизатор буд, аз ин рӯ ҳамаи фарзандони хонадон, бо вуҷуди аъло хонданашон, ба техника дил бастанд.
Ҳасан, Ҳусейн, Тоҳир, Зоҳир, Ғолиб, Ғайрат ва ҳамаи фарзандонашон ба техника дил бастанду дар КМ «Зарафшон» ронандаанд.
Шервону бародараш низ ронанда шуданд ва техникаи идора мекардагиашонро чун анъанаи оилавӣ муқаддас мешумориданд. Он рӯзи шум низ чун ҳарвақта ҳамроҳи модар, ҳамсар, зани бародараш ва фарзандони хурдсолашон,ҷамъ ҳафт нафар, бо зарурате ба шаҳри Панҷакент рафтанд. Аз куҷо медонистанд, ки фоҷиае дар пеш аст.
Ҳангоми аз назди муҷассамаи Деваштич гузаштан ду мошини сабукрав, ки ронандагони онҳо роҳи дохилишаҳриро ба майдони мусобиқаи мошиндавонӣ табдил дода буданд, чун балои азими осмонӣ пайдо шуданд ва дар сонияе хушбахтии оилаи хушбахтеро барҳам заданд.
Модарарӯсе, ки арӯсҳои хешро аз фарзандони хеш бештар дӯст медошт, бе ширкати фарзанди азизаш Шервон, ки то ҳол баъди ҷарроҳӣ ҳам дар ҳолати кома қарор дорад ва ду гуларӯсу наберагонаш, ки бо пою дасти шикаста ва дигар ҷароҳатҳо дар беморхона хобанд, ба коми хок рафт.
Шаҳри Панҷакент аз бесомонтарин шаҳрҳои мамлакат аст, чунки ҳар ронанда дар куҷое рост ояд мошинашро мегузораду касе ба ӯ кордор нест
Мо мушоҳида мекунем, ки кормандони БДА-и шаҳр аз шаҳр берун ҳамеша дар байни дарахту хонаҳо руст шуда, сайди худро мепоянд, то ки маблағе ба даст оранд.
Ҳамеша роҳҳои дохилишаҳрӣ аз назорат дур аст. Боре нашудааст, ки дар ҷои ин ҳодисаи мудҳиш, ки ҳамон рӯз дар он ҷо садамаи дуюм ҳам рух додааст, мо корманди БДА-ро дида бошем.
Агар дастандаркорони шаҳр вазифаашонро ба ҷо оранд, тарбузфурӯшу харбузафурӯш кулли роҳҳои шаҳрро банд намекунад ва бори хешро дар дохили бозор мефурӯшад.
Гоҳ- гоҳ мушоҳида мекунем, ки бевазане, ки як сатил ангур, ё як сатил памидорашро барои дарёфти якто нон ба фурӯш овардааст, кормандони милиса ва ҳукумат аз роҳравҳо меронанд, вале гапи касе ба мошинҳои пурбор, ки дар пасашон «одамҳои даркорӣ» истодаанд, намегузарад.
Бояд дар арафаи сафари сарвари азизи мамлакатамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдорон ҳолати шаҳрро каме ба ифоқа оранду кормандони БДА боре ба фоидаи ҷамъият ҳам заҳмат кашанд.
Бояд фоҷиаи сахти ин садама ҳаматарафа санҷида шавад ва ононе, ки ин мавзеъро аз назар дур монданд дар баробари ронандагони ҳавобаланд ба кайфар бирасанд.
Менависад Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор дар саҳифаи фейсбукии худ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.