Боздошти ду нафар бо ҷурми дуздии чорво
Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак 4-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 43 ва 38-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Дуконии ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.