расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Зарар дидани 12 нафар аз таркиши зарфи газ дар Панҷакент

. / Ҳаводис

Зарар дидани 12 нафар аз таркиши зарфи газ дар Панҷакент

Таркиш дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳр рух дод.

Сурат: акси марбута
Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ, ки рӯзона 25 январ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент рух дод, 12 нафар осеб диданд.
Ҳамаи осебидагон дар беморхона бистарӣ шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар бораи вазъи ҳозираи солимии осебдидагон маълумот дода намешавад.

Гуфта мешавад, баллони газ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркидааст.
Айни замон тамоми ҳолатҳои рух додани ҳодисаи мазкур мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дода шудааст.
Дар маълумот зикр мегардад, ки чойхонаи “Самарқанд” дар иҷораи сокини 42-солаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент Ёлқин Тиллоев қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.