расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҲАЛОКАТИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ДУ САДАМА ДАР ЯК РӮЗ

. / Ҳаводис

ҲАЛОКАТИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ДУ САДАМА ДАР ЯК РӮЗ

Рӯзи 29 август дар ду садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ва Истаравшан ду ноболиғи 12 ва 17-сола ҷон бохтаанд. Сокини 34-солаи Бохтар соати якуними шаби 22 август дар назди мағозаи "Муҳсин” як сокини 35-солаи ҳамин шаҳрро корд задааст.

ҲАЛОКАТИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ДУ САДАМА ДАР ЯК РӮЗ

Рӯзи 29 август дар ду садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ва Истаравшан ду ноболиғи 12 ва 17-сола ҷон бохтаанд.
Сокини 34-солаи Бохтар соати якуними шаби 22 август дар назди мағозаи "Муҳсин” як сокини 35-солаи ҳамин шаҳрро корд задааст.
Се ҷавони сокини пойтахт рӯзи 20 август дар қасабаи 61-ум як ҷавони 19-соларо латтукӯб карда, 14 ҳазору 500 сомониашро маҷбуран кашида гирифтаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 31 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати 2 ноболиғ дар садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 29-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», Шукуров Шукрулло Ёқубалиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Соҳилӣ ба самти кӯчаи Абайи ноҳияи Фирдавсӣ, дар назди МТМУ №72 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Мираков Шоҳрух Умарович, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 6, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Мутаассифона, ноболиғ Мираков Ш.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Санаи 29-уми августи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бойқузиев Абдумалик Баҳромович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба автомашинаи тамғаи «Лада-Калина», ки таҳти идораи ронанда, Маҳмудов Ҳусейн Иномович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Қалачаи-Калинаи шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи «Лада-Калина», Умаров Муродҷон Ҳалимович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Қалачаи-Калина, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.