расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Прокуратураи генералӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи собиқ раиси шаҳри Кӯлобро ифшо намуд

. / Ҳаводис

Прокуратураи генералӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи собиқ раиси шаҳри Кӯлобро ифшо намуд

Аз ҷумла дар бораи бунёди маркази тиббии хусусӣ аз ҳисоби пора ба маблағи зиёда аз 2 млн сомонӣ.

Лаҳзае аз мурофиаи судии Баҳром Иноятзода
Сурат: аз сомонаи Прокуратураи генералии ҶТ
Пас аз ду моҳи эълони ҳукм нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба баъзе паҳлӯҳои ҷузъиёти ин парванда равшанӣ андохт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, аз ҷумла, Баҳром Иноятзода аз 6 майи соли 2019 сари мансаби раиси шаҳри Кӯлоб омада, давоми фаъолият аз мансаби ишғолкардааш суистифода мекардааст.
Тибқи маълумоти прокуратура, барои додани иҷозатноми корҳои сохтмон собиқ раиси шаҳри Кӯлоб аз аз 13 нафар пора гирифта, ғайр аз ин, маблағ ва молу маҳсулоти ба сифати кумаки башардӯстона ҷудошударо азхуд кардааст.
“Бо маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада Иноятзода ба маблағи 2 млн 317 ҳазору 994 сомонӣ дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб Маркази тиббӣ хусусӣ сохтааст”, - қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, инчунин Иноятзода молу амволҳои ғайриманқул, воқеъ дар сӯроғаҳои кӯчаҳои Н.Қарабоев ва А.Ғуломови ш.Душанбе-ро ба даст оварда, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк, онҳоро ба номи шахсони дигар барасмият даровардааст.
“Аммо аз соли 2015 инҷониб дар эъломияҳо оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ ба ғайр даромадҳои аз маоши давлатӣ ба дастовардааш, дигар манбаъҳои даромад ва амволашро пинҳон доштааст”, - омадааст дар маълумот.
Баҳром Иноятзода моҳи июни соли 2020 ба гумони даст доштан дар порагирӣ дастгир шуд. Моҳи ноябр бо ҳукуми суди вилояти Хатлон ӯ ба содир намудани ҷиноят тибқи 6 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба Иноятзода бо моддаҳои 314 қисми 2, (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 245 қисми 2 (аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада) айбнома пешниҳод гардида буд.
Ҳаммаслакони ӯ - ронандааш Хурсандалӣ Хуррамов ба 8 сол, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукумати Кӯлоб Фирӯз Қурбонов ва хоҷагидори шаҳрдорӣ Хуршед Ашӯрмадов ҳар ду ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.
Боз як ҳаммаслаки дигари ӯ - боррасон (экспедитор) Муҳаммад Шамсиддинов ба ба маблағи 31 ҳазору 726 сомонӣ ҷарима шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.