расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба ҳалокат расидани мусофири хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

. / Ҳаводис

Ба ҳалокат расидани мусофири хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 18-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 17:00, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Усмонов Қодир Исроилович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат намудан аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Табаров Эраҷ Шералиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Астра”, хурдсол Табарова Шукриямо Машрабовна, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Зиракӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигараш Табарова Ҳуриниссо Латифовна, соли таваллудаш 1965 ва хурдсол Осияи Эраҷ, соли таваллудаш 2014, истиқоматкунандагони ҳамон ҷо дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.