расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти қиморбозон дар наздикии бозори “Корвон”

. / Ҳаводис

Боздошти қиморбозон дар наздикии бозори “Корвон”

Барои ин кор онҳо қаблан низ боздошту лекин боз ба фиреби мардум идома додаанд.

Сурат: dushanbepolice.tj
Сокинони шаҳри Кӯлоб Самандар Юнусови 25-сола ва ноҳияи Фархор Хуршед Ҳамидови 26-сола аз ҷониби кормандони милитсия барои ташкилии бозии қиморбозӣ дар кӯчаҳо боздошт шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, наздикии бозори “Корвон” ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд.

“Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде онҳо қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд”, - омадааст дар маълумоти Раёсат.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ин нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.