расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Самариддин Раҷабов тоҷике, ки ба пешвози Навалний рафта буд, гуфт "боздошт шудааст"

. / Ҳаводис

Самариддин Раҷабов тоҷике, ки ба пешвози Навалний рафта буд, гуфт "боздошт шудааст"

Самариддин Раҷабов
Сурат: 1rre.ru
Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар маҳофили сиёсии Русия фаъол аст, шоми 17-уми январ дар саҳфаи Твиттераш навишт, ки ба пешвози Алексей навалний рафта буд ва ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав онҳоро боздошт кардаанд.
Худи Навалний ҳам баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав боздошт шуд. Қарор буд ҳавопаймои ҳомили Навалний дар фурудгоҳи Внуково фуруд ояд, вале макони фуруди он тағйир дода шуд. Раҷабов ҳам навиштааст, ки ӯ бо мушкилоти зиёде ба фурудгоҳи Шереметова омада буд.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки пешвозгирандагону ҳаводорони Навалнийро ба бахши навбатдории фурудгоҳ бурдаанд. 
Самариддин Раҷабов як ҷавони зодаи Тоҷикистон аст, ки дар Русия фаъолииятҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дорад ва соли  2019 бо иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр ба зидди мақомот" боздошт шуда буд ва баъадан 100 ҳазор ҷарима пардохту озод шуд, ки Раҷабов борҳо ин иттиҳомро рад кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.