расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Пайрави равияи “Салафия” дар Тоҷикистон маҳкум шуд

. / Ҳаводис

Пайрави равияи “Салафия” дар Тоҷикистон маҳкум шуд

Ӯ муддати даҳ сол дар Русия аз аъзоёни номаълуми ин равия таълимоти динӣ омӯхтаааст.

Сурат: DW
Сокини шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан давоми солҳои 2010-2020 аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, пас аз бозгашт ба ватан ӯ ҷиҳати пайвастан ба ин равия байни ҳамдиёронаш тарғибу ташвиқот мебурдааст.
Ӯ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаи 307 (3) (ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Дар натиҷа суд Ҳаитовро дар содир намудани аломатҳои ҷиноят мутобиқи моддаи дар боло зикршуда гунаҳкор дониста, ӯро ба 5,6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Аввали соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи диниву бунёдгаронаи “Салафия”-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Қарор бар асоси муроҷиати Прокуратураи генералӣ, ки доир ба таҳдиди фаъолияти “Салафия” ба амнияти давлатии Тоҷикистон, сохти конститутсионии он, инчунин барангехтани адовати динӣ ва этникӣ далелҳо пешниҳод кард, қабул шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.