расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар шаҳри Турсунзода ҷиян тағояшро барои мерос кушт

. / Ҳаводис

Дар шаҳри Турсунзода ҷиян тағояшро барои мерос кушт

Ӯ аз рафтори ба андешааш “ноодилона”-и тағояш ба ғазаб омадаааст.

Сурат: khtvesti.com
Сокини шаҳри Турсунзода Александр Муминов бо маслиҳати модараш аз моҳи март то октябри соли гузашта тағои 70-солаи худ Темур Холмуродовро нигоҳубин мекардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, аммо вақте мефаҳмад, ки тағои бемораш тариқи идораи ногтариалии маҳаллӣ хонаро расман ба номи ҷияни дигараш Семён Муминов, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, васият кардааст, ба ғазаб омада, Холмуродовро мекушад. Семён Муминов додари угайи Александр Муминов мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Александр Муминов дар ҳолати мастӣ аввал марди пиронсолро лату кӯб ва сипас буғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад.
Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода, Александр Муминов ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.