расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бозошти се нафар бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

. / Ҳаводис

Бозошти се нафар бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 4-уми январи соли 2021, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, ошкоро аз дасташ 200-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 24, 30 ва 47-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.