расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар садамаи мудҳиш 5 тан хешон фавтиданд

. / Ҳаводис

Дар садамаи мудҳиш 5 тан хешон фавтиданд

Дар садамаи мудҳиш 5 тан хешон фавтиданд

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ медиҳад, 7-уми январ, соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб ба вуқӯъ пайвастааст.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ медиҳад,ин ҳодиса 7-уми январ, соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб ба вуқӯъ пайвастааст.
Мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд.
«Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич буда, хешу табори наздик ва ронанда ҳамсояи онҳо мебошад. Бузургсолтарини онҳо ронанда ва хурдсолтарини онҳо Сайида ном духтарчаи ҳафтсола будааст», — омадааст дар хабарнома.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшони вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расиданд бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро берун оварданд.
Бино ба гузориши имдодгарон вақти роҳандозии корҳои наҷот як нафар бо вуҷуди ҷараҳатҳои зиёд зинда буд. Имдодгарон ӯро аз мошин берун оварданд, баъди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба духтуроне, ки сари вақт расида буданд, супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз рондагоне, ки дар ин рӯзҳои сарду яхӣ азми сафар доранд, даъват мекунад қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.