расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » САИДМӮМИН ЗУБАЙДОВ ҲАРИФАШРО ДАР ЯК ДАҚИҚА ТАСЛИМ КАРД (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

САИДМӮМИН ЗУБАЙДОВ ҲАРИФАШРО ДАР ЯК ДАҚИҚА ТАСЛИМ КАРД (ВИДЕО)

Дар мусобиқаи ММА Open Fighting Championship  дар шаҳри Самара варзишгари зодаи Тоҷикистон Саидмӯмин Зубайдов дар ҳамагӣ як дақиқа тавонист ҳарифаш аз Самара Егор Ворошиловро мағлуб кунад.
Саидмӯмин Зубайдов намояндаи бошгоҳи «Ахмат» аз Тоҷикистон буда, вақтҳои охир дар толори мактаби №33-и шаҳри Сизрани вилояти Самара дар гуруҳи мураббӣ Ровшан Агаев машқ мекунад ва дар мусобиқаҳои ҷангҳои бидуни қоида ба намояндагӣ аз Сизран ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар мусобиқаи ахир, ки дар Самара дар арафаи Соли нав доир шуд, мизбони ин мусобиқа Егор Ворошилов ба ҷуз аз таслим шудан баъди як дақиқаи  набард бо Саидмӯмин Зубайдов чораи дигаре надошт. Набар бояд чоруним дақиқа идома мекард, вале довар алакай баъди як дақиқаву 17 сония набардро пеш аз муҳлат қатъ кард ва пирӯзиро ба Саидмӯмин дод.
Зубайдов дар сонияҳои аввали набард бо эҳтиёт рафтор карда, паҳлуҳои заъфи ҳарифашро меомӯхт. Ворошилов баракс хеле зуд ва фаъолона ба ҳамла гузашт, вале баъди як зарбаи номуваффақ бо пой ба рӯи фарш афтод. Зубайдов ӯро дар фарши октагон пахш кард, вале Ворошилов тавонист худро аз чанги ҳариф раҳо карда, Зубайдовро ба пушт афтонад. Аммо Саидмӯмин Ворошиловро чунон гулӯгир кард, ки ҳарифаш бо даст ишораи таслим шудан кард.
Ин нахустин чунин пирӯзии зуди Саидмӯмин Зубайдов дар мусобиқаҳои ММА буд.
Манбаъ:https://ktv-ray.ru/novost/derzkiy-boec-zubaydov-za-minutu-unichtojil-svoego-sopernika-vpechatlyayuschee-video/76338/

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.