расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Зани 34-солае дар Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт шуд

. / Ҳаводис

Зани 34-солае дар Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт шуд

Ин зан дар роҳандозии фоҳишахона ва бар ивази пул фароҳам кардан шароит барои алоқаи ҷинсӣ муттаҳам мешавад.

Акси марбут
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34-солаи сокини Душанбе хабар медиҳад, ки барои ташкили фоҳишахона муттаҳам шудааст. 
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зан дар кӯчаи Ҷаббор Расулови Душанбе хонаеро ба иҷора гирифта бар ивази пул дар ихтиёри сокинон мегузоштааст. Ин занро ВКД дар нигаҳдории фоҳишахона ҳам муттаҳам мекунад.
"Номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт ба марди 36 ва зани 29-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст",-менависад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ҳамчунин бино ба иттилои ВКД инчунин ин зан ду мавриди дигар барои сокинони пойтахт бар ивази 150-сомонии шароит фароҳам кардааст, ки онҳо алоқаи ҷинсӣ анҷом диҳанд. 
Ҳарчанд ҳувияти зани боздоштшударо ВКД ошкор накардааст, аммо мегӯяд, ки "аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.