расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дахолати УБОП ба қазияи Робияи Холмирзову Фаридуни Хуршед

. / Ҳаводис

Дахолати УБОП ба қазияи Робияи Холмирзову Фаридуни Хуршед

Аммо шоир мегӯяд аз пешниҳоди навиштани ариза дар ҳоли ҳозир худдорӣ кардааст.

Сурат: Коллаж Asia-Plus
Робияи Холмирзо шоири тоҷик ва сардабири нашрияи “Анбоз” мегӯяд, ки баъди расонаӣ шудани даъвояш бар сари як шеъраш бо овозхон Фаридуни Хуршед ӯро ба Раёсати ҷиноятҳои муташаккили ВКД даъват кардаанд. Аммо шоир мегӯяд, ки ӯ мунтазири узрпурсии овозхон мондааст ва аз навиштани ариза худдорӣ кардааст.
Робияи Холмирзо мегӯяд ӯ мунтазир аст, ки овозхон Фаридуни Хуршед ба ӯ тамос мегираду 200 долларе, ки ӯ барои шеъраш талаб дорад онро мепардозаду аз ӯ дар расонаҳо расман узр мепурсад.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Робияи Холмирзо аз овозхон Фаридуни Хуршед барои бидуни иҷоза хондани як шеъраш ва ҳамчунин дар намоҳанги тарона ба каси дигар нисбат додани он шеър талаб кард, ки ба василаи расонаҳо узрхоҳӣ кунад ва ҳамчунин 200 доллар ҳаққи шеърашро пардохт кунад.
Фаридуни Хуршед овозхони дар миёни ҷавонон маҳбуб бар матни як навиштаи Робияи Холмирзо оҳанг баста, таронаро бо номи “Ойиша” хондааст. Дар намоҳанги ин тарона, ки дар Ютуб дастрас аст, матни он моли Раҷ Аҳмад гуфта шудааст.

Продюсери Фариддуни Хуршед Диловари Мизроб  ба “Азия Плюс” гуфт, ки онҳо омодаанд аз шоир Робияи Холмирзо тариқи расонаҳо ва аз ҷумлаи “Азия-плюс” узр бипурсанд.  “Хатоӣ аз тарафи ман шудааст, дар ин ҷо на Фариддуни Хуршед ва на Раҷ Аҳмад гуноҳ надоранд. Чунки бисёр вақт сурудҳои Фарзонаи Хуршед ва Фариддуни Хуршедро Раҷ Аҳмад таҳрир мекунад”.
Ӯ мегӯяд, вақте ман ба қаҳвахона рафтам дар он ҷо Раҷ Аҳмад ин шеъро таҳрир мекард, ман дар зери матни шеър Раҷ Аҳмад навиштам.
Продюсери овозхон мегӯяд, ки худи бону Робияи Холмирзо ба ман занг назадааст.
“Писараш ба ман занг зада дар соати 9 шаб ва дағалона суҳбат кард.  Ман баъдан суол кардам, ки модаратон ба Шумо ҳаққи муаллифӣ додааст, гуфтанд не. Ман гуфтам, ки инҷо ту ҳаққи даъво надорӣ, бигзор модарат ба ман занг занад. Дар сурате, ки Робияи Холмирзо ба ман занг мезаданд, ҳатман аз онҳо узр мепурсидам. Сари хамро шамшер набуридааст”.
Аммо ба гуфти шоир Робияи Холмирзо бо гузашти як ҳафта то ҳол ба ӯ ягон кас занг назадааст ва узр ҳам напурсидааст. Шоир мегӯяд, агар онҳо дар тамос шаванду талабҳои маро иҷро кунанд аз шикоят ба додгоҳ худдорӣ мекунам.
Ҳоло шоир мегӯяд ҳаққи шеъри худро талаб мекунад, ба шуниди ман ҳоло овозхонҳо барои як матни тарона 200 доллар ба муаллифи он медиҳанд. “Ба ҳамин сабаб ман ин пулро аз овозхон талаб дорам. Дар асл ягон вақт шеъри худро намефӯрушам, пеш аз ин ҳам овозхонҳои тоҷик бо шумули Манижа Давлатоваву Зиёвиддини Нурзод шеърҳои маро хонданд, аммо аз онҳо пул талаб накардам, зеро иҷозат пурсида буданд”, - иддао дорад бону Робия.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.