расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳамсояҷанг дар Душанбе ба ҳабсу ҷаримаи ҷонибҳо анҷомид

. / Ҳаводис

Ҳамсояҷанг дар Душанбе ба ҳабсу ҷаримаи ҷонибҳо анҷомид

Навори муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, милитсия ба он расидагӣ кард.

Сурат: dushanbepolice.tj
Сокини кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе Далер Каримзодаи 20-сола доимо бо ҳамсояҳои худ мноқишаи лафзӣ карда, онҳоро таҳқир ва шаъну эътиборашонро паст мезад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва суханони қабеҳу гушношуниди як нафар ҷавонзан ва муноқишаи ӯ бо як нафар ҷавонписар инъикос ёфтаааст.
“Чанде пеш Далер Каримзода Карим бори навбатӣ бо ҳамсоягони худ муноқиша намуда, нисбаташон суханони қабеҳ мегӯяд, ки дар натиҷа  ҳамсояҳои ӯ - духтару модар ба сари ӯ омада мардро мавриди таҳқиру дашном қарор додаанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, Далер Каримзода барои майдаавбошӣ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, “ҳарифон”-и ӯ - модару духтар мутаносибан ба маблағи 580 ва 456 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.