расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Анастасия аз паси шавҳари тоҷикаш ба Сурия рафта буд…

. / Ҳаводис

Анастасия аз паси шавҳари тоҷикаш ба Сурия рафта буд…


Суди  дуюми Ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия  сокини 33-солаи шаҳраки Нахабинови ноҳияи Красногорски вилояти Маскав, модари 4 фарзандро Анастасия Трушкинаро шартан ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Суд ӯро бар асоси қисми дуюми моддаи 208 ва қисми дуюми моддаи 205.5-и Кодекси ҷиноятии Русия дар иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ ва фаъолиятҳои террористӣ гунаҳкор шинохт. Ҳадди аксари ҳукм бар асоси ин ду банди қонуни Русия то 20 соли зиндон буд, вале суд  модари серфарзанд будани Трушкина ва мустақиман дар ҷангҳо аз ҷониби ДОИШ иштирок накардани ӯро ба инобат гирифтааст.
Бар асоси маводи парванда, Трушкина соли 2014 ҳамроҳи шавҳараш – шаҳрванди Тоҷикистон ва кӯдакони хурдсолашон тавассути Туркия ба Сурия ва аз онҷо ба Ироқ рафтаанд. Шавҳари ӯ дар сафи созмони террористии ДОИШ меҷангид ва Трушкина ба ҷангҷӯён хидмат мекард, аз ҷумла либоси онҳоро мешуст ва захмиёнро табобат мекард. Соли 2019 баъди захмӣ шудани шавҳар, аҳли ин оила аз Ироқ ба Истанбул раҳсипор шуданд, то ки ба Русия баргарданд. Вале онҳоро дар марз мақомоти амниятии Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод карданд. Трушкина шавҳарашро дар Тоҷикистон монда, рӯзи 18 марти соли 2020 аз Душанбе ба Маскав баргашт, вале ӯро рост дар фурудгоҳи Домодедово кормандони ФСБ «пешвоз» гирифтанд.
Бино ба гузориши нашрияи русии «Коммерсант», додгоҳ ба далели мустақиман дар ҷангҳо аз ҷониби ДОИШ иштирок накарданаш, сокини 33-солаи Нахабино Анастасия Трушкинаро чунин ҳукми сабук ва он ҳам шартӣ додааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Трушкина дар Сурия ва Ироқ асосан ба шустани либоси ҷангҷӯён ва нигоҳубини захмиён машғул будааст.Хабарнигорони «Коммерсант» менависанд, ки қироати ҳукми Трушкина аз тарафи судяи суди  дуюми Ҳавзаи ҳарбии ғарбӣ Владимир Чвиров се соатро дар бар гирифт.
Бар асоси маводи парванда, Анастасия Трушкинаро ба фаъолиятҳои ДОИШ шавҳараш – зодаи Тоҷикистон ҷалб кардааст. Онҳо ҳанӯз дар миёнаи солҳои 2000-ум дар шаҳраки Нахабинои ноҳияи Красногорски вилояти Маскав шинос шуданд ва соли 2007 фарзанди нахустини онҳо ба дунё омад.
Трушкина соли 2006 корхонаи шахсӣ ташкил карда, ба тиҷорат машғул буд, вале моҳи апрели соли 2014 тиҷораташро барҳам дода,  ҳамроҳи шавҳару фарзандони хурдсолаш ба Туркия ва аз онҷо ба шаҳри Манбиҷи вилояти Ҳалаби Сурия рафтааст. Манбиҷ он вақт яке аз марказҳои асосии таҳти назорати ДОИШ ба шумор мерафт ва ҷангҷӯён аз Туркия маҳз тавассути Манбиҷ худро ба Сурияву Ироқ расонда, ба сафи ДОИШ мепайвастанд.
Бино ба гузориши «Коммерсант», дар ҳоле ки шавҳари Трушкина дар саффи ДОИШ меҷангид, худи Трушкина машғули корҳои хоҷагӣ буд: чорвову мурғонашонро нигоҳубин мекард, либоси ҷангҷӯёнро мешуст, ба захмиён ёрии тиббӣ мерасонд.
Соли 2016, вақте нирӯҳои артиши давлатии Сурия Манбиҷро аз дасти ҷангҷӯёни ДОИШ кашида гирифтанд, Трушкина ҳамроҳи шавҳару кӯдаконашон ба Мосул – пойгоҳи асосии ҷангҷӯён дар Ироқ кӯчиданд. Дар онҷо ҳам Трушкина ба нигоҳубини ҷангҷӯён машғул шуд.
Дар натиҷаи яке аз ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти роҳбарии Амрико Трушкина ҷароҳат бардошт ва ӯро бо кӯдаконаш ба як шаҳри ҳамсоя фиристоданд. Дар як бомбаборони дигар шавҳари ӯ ҳам маҷруҳ шуд ва ин оила моҳи апрели соли 2019 раҳсипор шуданд, то ки ба Русия баргарданд. Вале ин зану шавҳар ва 4 фарзанди онҳоро дар марзи Сурия мақомоти амниятии Туркия дастгир карданд ва азбаски шавҳараш шаҳрванди Тоҷикистон буд, ҳамаи онҳоро ба Тоҷикистон истирдод карданд.
Шавҳари Трушкина ҳаққи убури қаламрави Русияро надошт ва аз ин рӯ, ӯ шавҳарашро дар Тоҷикистон гузошта, худ рӯзи 18 марти соли 2020 бо яке аз охирин ҳавопаймоҳои роҳии Русия (аз 20 март ба сабаби пандемияи коронавирус парвозҳо байни Тоҷикистону Русия қатъ шуданд) ба Маскав баргашт. Вале ӯро дар фурудгоҳи Домодедово кормандони ФСБ «пешвоз» гирифтанд. Мақомот ба зидди ин модари 4 фарзанд парванда кушоданд, вале суд ба далели серфарзандиаш иҷозат дод, ки дар замони тафтиши парвандааш Трушкина дар ҳабси хонагӣ бимонад.
«Коммерсант» менависад, ки дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи парвандааш  Трушкина ба гуноҳи худ пурра иқрор карда, аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст, ки ба хотири ҳифзи оила ва кумак ба шавҳараш ба Сурия рафт. Ӯ гуфт, намедонист, ки ДОИШ созмони террористӣ аст. Трушкина гуфтааст, ки «касеро накуштааст ва боре ҳам ба даст силоҳ нагирифтааст». Ӯ гуфтааст, дасти шавҳараш низ  дар хун олуда нашудааст, чунки ӯ ба интиқоли захмиён ба бемористонҳо машғул будааст.
Ва ба ҳамин далел, ки Анастасия Трушкина мустақиман дар ҷангҳо иштирок накарда, танҳо ба шустани либоси ҷангҷӯён ва нигоҳубини захмиён машғул будааст, додгоҳ ӯро ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Дар солҳое, ки ДОИШ қаламравҳои зиёдеро дар Сурия ва Ироқ таҳти тасарруфи худ даровард ва дар он сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард, ба ҳисоби мақомот, беш аз 2 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ин созмони террористӣ пайвастанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 80 фоизи ин ҷангҷӯёни тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми фиреби мубаллиғони ба ном «ҷиҳод» афтодаанд.
Мутаассифона, садҳо нафари онҳо ҳамроҳи худ зану фарзандонашонро ҳам ба он кишварҳои ҷангзада бурданд. Бино ба ҳисобҳо, ҳоло танҳо дар ду урдугоҳ дар Сурия, ки занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро нигоҳ медоранд, беш аз 500 нафар аз занону фарзандони ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар Димишқ бо мақомоти Сурия масъала ба Тоҷикистон баргардондани ин занону кӯдакони тоҷикро баррасӣ кардааст ва ҳоло таҳияи рӯйхатти довталабони бозгашт шурӯъ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.