расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 4 нафар, аз он ҷумла 3 ноболиғ дар садамаҳои нақлиётии марговар

. / Ҳаводис

Ҳалокати 4 нафар, аз он ҷумла 3 ноболиғ дар садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Марк-2”, Абдураҳмонов Нуралӣ Сатторович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди шаҳраки “Зафаробод-Дӯстӣ” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ Абдураҳмонов Суҳроб Туйчибоевич, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №6-и ноҳияи мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Мирзоев Шарифҷон Сайқурбонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар ҳудуди деҳаи П.Поён қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия”, таҳти идораи ронанда, Қаноатов Абдурафӣ Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Фатҳободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашинаҳо Мирзоев Ш.С., Қаноатов А.А. ва мусофирони автомашинаи тамғаи “Опер-Зефира” шаҳрвандон: Шодиев Аҳмадҷон Камолович, соли таваллудаш 1985, Шодиева Гулҳавас, соли таваллудаш 1990, Шодизода Шукрона Аҳмадҷон, соли таваллудаш 2018, Шодизода Умарҷон Аҳмадҷон, соли таваллудаш 2020 ва Шодиева Меҳрафрӯз Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №44-и ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Баъди 1 соат шаҳрвандон: Шодиев А.К., Шодизода Ш.А. ва Шодизода У.А. дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.