расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бохтар: мудири мактабе боздошт шуд, ки бо 49300 сомонӣ мехост як довталабро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунад

. / Ҳаводис

Бохтар: мудири мактабе боздошт шуд, ки бо 49300 сомонӣ мехост як довталабро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунад


Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар Сафарова Латофатро боздошт кардааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, Сафароваро бо гумони ришваситонӣ боздошт кардааст, ки аз як довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои дохил кардан ба ин донишгоҳ  49300 гирифтааст.
“Сафарова Латофат бо истифода аз мақоми хизматиаш аз  шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49300 сомониро талаб карда гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст”.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти оҷонсии зидди фасод  нисбат ба Сафарова Латофат  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди итмоми тафиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.