расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОҒЧАИ КӮДАКОНА ДАР БОХТАР ОТАШ ГИРИФТ

. / Ҳаводис

БОҒЧАИ КӮДАКОНА ДАР БОХТАР ОТАШ ГИРИФТ

Субҳи имрӯз дар кӯдакистон рақами 2 - и шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. Бино ба гуфти шоҳидони ҳодиса сӯхтор дар миёнаҳои соати 7 - и субҳ рух додааст.
Аз қисми навбатдории раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон ба хабаргузории “Азия – Плюс” гуфтаанд, ки соати 7:18 ба онҳо дар бораи сар задани сӯхтор дар боғчаи бачагонаи рақами 2 хабар расидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ба ҷойи ҳодиса 9 мошини оташнишонӣ сафарбар шудааст. Ба гуфти масъулин дар вақти сар задани сӯхтор ҳанӯз кӯдакон ба боғча наомада буданд ва ягон нафар зарар надидааст. Сабабҳои ин ҳодиса то кунун маълум нест. Як масъули дигари Идораи оташнишонии вилоят гуфт, ки ошёнаи якум ва дуюми кӯдакистон оташ гирифтааст. Дар бораи хисорот ва талафоти оташсӯзӣ хабари расмӣ нашр нашудааст. Боғчаи рақами ду дар Бохтар яке аз кӯдакистонҳои қадима дар ин шаҳр буда, дар назди Коллеҷи тиббӣ ва Идораи молияи вилоят ҷойгир аст.(Хабар такмил мешавад) подробнее тдж: https://oila.tj/news/bochai-kdakona-dar-bokhtar-otash-girift

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.