расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳаракат ба самти муқобили роҳ боиси фавти мусофир гардид

. / Ҳаводис

Ҳаракат ба самти муқобили роҳ боиси фавти мусофир гардид

Рӯзи 22-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Фиелдер», Шамсов Далер Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Чаманзори шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти деҳаи Чаманзори шаҳри мазкур, дар километри 27-уми роҳи мошингарди «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Ҳусейнов Маҳмадюсуф Қурбонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Дӯстова Холида Подабоновна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири дигари ҳамин автомашина Тоҷиддини Хол, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.