расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Фаврӣ: Боздошти муаллими мактаб бо гумони одамхӯрӣ

. / Ҳаводис

Фаврӣ: Боздошти муаллими мактаб бо гумони одамхӯрӣ

Муаллими 41-сола. ки аз фанни риёзиёт дар як мактаби Берлин дарс мегуфт, бо гумони куштор ва одамхӯрӣ боздошт шуд.
Дар гузориши полиси Олмон ӯро ҳамчун «Стивен Р.» қайд кардаанд, чунки қонунҳои махфияти Олмон ифшои номи гумонбаронро пеш аз иттиҳоми расмӣ манъ мекунад.
Рӯзи 8 ноябр мардуме, ки дар боғи Бухи шимоли Берлин сайр мекарданд, устухонҳои марди 44-соларо пайдо карданд, ки ду моҳ пеш бедарак шуда буд. Ӯро низ «Стефан Т.» ном бурдаанд.
Сухангӯи полис ба таблоиди машҳури BZ гуфтааст, ки гӯшти атрофи яке аз устухонҳо покиза хӯрда шудааст ва нишонаҳои дигаре низ мавҷуданд, ки Стефан Т қурбонии одамхӯр аст.
Бо кӯмаки сагҳои бӯйгири ҷустуҷӯӣ, хонаи гумонбарро зуд пайдо карданд.

Марди кушташуда, ки ихтисосаш муҳандиси барқ аст, шаби 5 сентябр аз хона баромадааст ва бо ҳамин нопадид шудани ӯро ҳамсоягонаш ба пулис хабар доданд.
Воқеан, ин қабил ҳодисаи канибалӣ дар Олмон бори аввал нест, ки рух медиҳад. Армин Мейвес ном марде соли 2006 барои куштан ва хӯрдани як барномасоз ҳукми абад гирифта буд. Ӯ одамро кушта, дар яхдон ҷойгир карда, як моҳ онро истеъмол намуд ва амали куштори бераҳмонаашро ҳатто ба навор гирифта буд.
Соли 2015 як корманди собиқи пулис низ бо ҷурми одамхӯрӣ боздошт шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.