расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бори каҷ ба манзил намерасад

. / Ҳаводис

Бори каҷ ба манзил намерасад

1170
Дуздӣ амали хилофи қонун ва нангин буда, нафароне, ки даст ба ин кирдор задаанд, то охири умр бори гарони шармандагиву тамасхури ҷомеаро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Аз ҳама таассуфовараш ин аст, ки ин тоифа дар паи рафтори зишташон аҳли оила ва наздиконашонро низ пеши мардум сархаму бадном мекунанд.
Ду нафар аз сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки чанд муддат даст ба дуздии чорвоҳои калони шохдори шаҳрвандон задаанд ва бо ин кирдорашон ба ҷабрдидагон зарари ҷиддӣ расонидаанд, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.
Нажмуддинов Кароматулло, соли таваллудаш 1996, қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаю адои ҷазо кардааст ва Салимов Ҳафизулло, соли таваллудаш 1992, сокинони ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ мебошанд.
Ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ, шабона вориди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур гашта, бо тариқи пинҳонӣ аз набудани одамон истифода намуда, 3 сар чорвои калони шаҳрвандонро рабуда, маблағи ба даст овардаашонро дар эҳтиёҷоти шахсияшон сарф кардаанд.
Зарари расонидаашон ба сокинон 18 000 сомониро ташкил медиҳад.
Беҳуда нест, ки мегӯянд бори каҷ ба манзил намерасад ва ҳар як ҷиноят дар пай ҷазо дорад.
Нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.