Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи ноҳия мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 19-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 02:00, ҳангоми дар назди тарабхонаи “Сайёҳ”, воқеъ дар деҳаи Тангаӣ, дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо истифода аз корди қадшаванда 1-маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Д.Бароти шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.