расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Тоҷикистон Соли навро ҷашн намегирад: мавҷи дуюми коронавирус

. / Ҳаводис

Тоҷикистон Соли навро ҷашн намегирад: мавҷи дуюми коронавирус

Ҳарчанд дар қарор гуфта нашудааст, ки оё дар Тоҷикистон мавҷи дуюми коронавирус хуруҷ кардааст ё не.

Сурат: Asia-Plus
Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба далели хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 таҷлили Соли нави мелодии 2021-ро дар кишвар манъ кард.
Дар қароре, ки ин Ситод содир кардааст гуфта мешавад: “Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад”.
Ин Ситод ҳамаи шаҳрвандонро бори дигар ба риояи қоидаҳое беҳдоштии инфиродиву ҷамъӣ даъват карда, гуфтааст, ки машварату тавсияҳои табибонро қатъан риоя кунанд.
Дар қарори Ситод сайругашти мардум дар боғҳои тафреҳӣ ва гулгашту хиёбонҳо танҳо  бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, доштани ниқобҳои муҳофизавӣ ва риоияи қатъии фоисалаи иҷтимоӣ иҷозат дода шудааст.
Ситод Вазорати тандурустиву Вазорати корҳои дохилиро муваззаф кардааст, ки бо ҳукуматҳои маҳаллӣ “масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд”.
Ҳамчунин аз Вазорати корҳои дохилӣ хоста шудааст, ки барои пешгирӣ фаъолияти нозирони минтақавиро тацвият диҳаду чораҳои иловагӣ биандешан.
Дар ин қарор бори дигар аз вазоратҳои тандурустӣ ва илму маориф назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар боғчаву мактабу донишгоҳҳо талаб шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.