расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Қазоқистон ду тоҷикро дар ташкили пирамидаи молӣ муттаҳам мекунанд

. / Ҳаводис

Дар Қазоқистон ду тоҷикро дар ташкили пирамидаи молӣ муттаҳам мекунанд

Онҳо маблағгузорӣ ба коғазҳои қиматноки ширкатҳои маъруфи ҷаҳониро пешниҳод мекарданд.

Сурат: кадр аз навори видео
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкили пирамидаи молиявӣ дар Қазоқистон гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба иттилои хабаргузории 24.kz бо истинод ба Кумитаи мониторинги молиявии Вазорати молияи Қазоқистон, онҳо дар панҷ шаҳри ин кишвар фаъолияти ғайриқонуниро роҳандозӣ намудаанд.
Муайян карда шудааст, ки ташкилкунандагони пирамидаи молиявӣ худро намояндагони ширкати хориҷии Unique finance муаррифӣ намуда, ба аҳолӣ пешниҳод мекардаанд, ки пулашонро ба коғазҳои қиматноки ширкатҳои бузурги байнулмилалие чун Pepsi, Nike, Microsoft, Ford, BMW маблағгузорӣ кунанд.
Ба саҳмгузорон фоидаи ҳармоҳа ба андозаи 6% аз маблағи гузошташуда, инчунин 5% аз маблағи шарики нав ҳангоми имзои он ваъда мешуд.
Маблағгузории ҳадди ақал 1000 ҳазор долларро ташкил медод. Амалан ташкилкунандагон пулҳои маблағгузоронро азхуд намуда, ба ивази он ба аҳолӣ саҳмияҳои сохтакоришудаи ширкатҳои маъруфро пешниҳод мекарданд.
Фаъолияти ғайриқонуниро онҳо дар шаҳрҳои Алмаато, Нур-Султон, Чимкент, Актобе ва Уралск ба роҳ монда, айни замон дар ин маврид тафтишоти тосудӣ гузаронида мешавад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, пирамидаи молиявиро ду зодаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қазоқистон ташкил кардаанд. Айни замон яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва дигарӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Узви сеюми гурӯҳ - шаҳрванди Қазоқистон низ боздошт, вале баъдан бо гаравпулӣ раҳо шудааст. Ҷустуҷӯи дигар қаллобони дар ин амал дастдошта идома дорад.
Дар Департаменти тафтишоти иқтисодӣ хабар додаанд, ки то имрӯз зиёни умумии расонида аз ҷониби аъзои пирамидаи молиявии ғайриқонунӣ 100 ҳазор доллар арзёбӣ шуда, 400 нафар бо ариза дар бораи амалҳои қаллобӣ ба мақомоти пулис муроҷиат кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.