расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Суғд боз як дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд

. / Ҳаводис

Дар Суғд боз як дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд

Дар он барои сарбозону афсарон шароити зарурии маишӣ ва хизматӣ муҳайё аст.

Сурат: sugd.tj
Дар шаҳри Конибодом бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 ноябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” доир гардид. Дидбонгоҳи "Санҷидзор" дар марз бо ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дидбонгоҳи сарҳадии «Санҷидзор» аз бинои асосӣ, анборҳо, ҷойи нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, буғхона, ҳаммом, ошхона, майдончаи сафороӣ, майдончаи варзишӣ, манора  ва хонаи афсарон иборат буда, дар он барои сарбозон ва афсарон шароити зарурии маишӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст.
Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ соли 2017 оғоз гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мубин» ва ҶДММ «Аъзам-Ю» сохта шудааст.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бинои асосии дидбонгоҳ ва ҳуҷраҳои кории он ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят барои хизмату буду боши афсарону сарбозон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки марзбонони вилоят ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ тамоми қувва, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар намуда, бо истифода аз шароити фароҳамгардида содиқонаву сарбаландона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.