расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонакоҳи кӯҳии шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 3-адад автомашинаҳои тамғаҳои “Мерседес-Бенс”, “Шевралет-Крузо”, ва “Тайота-Каролла”-ро ҷамъ ба маблағи 295 ҳазор сомонӣ ва 83 ҳазору 500 сомонӣ пули нақд гирифта, ваъда додааст, ки дар давоми 1-моҳ бар ивазаш семент гирифта медиҳад, аммо номбурда ба маблағи 99 ҳазору 801-сомонӣ семент харидорӣ намуда равон карда, боқимонда маблағи 223 ҳазору 700 сомониро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Бохтар, санаи 4-уми августи соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 20 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик бармегардонад. Ҳамин тариқ, боз такроран гумонбаршаванда санаи 17-уми августи соли 2020, аз ҷабрдида 50 ҳазор сомонӣ ва санаи 23-юми августи соли 2020, номбурда бо ҳамин роҳ аз ҷабрдида 5 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблғҳои гирифтаашро барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.