расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсар

. / Ҳаводис

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба сало-матӣ дастгир карда шуд. 
Номбурда санаи 6-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 25-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, аз зери кашаш бардошта ба рӯи замин задааст, ки дар натиҷа охирон бо қисма-ти гардан ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Мувофиқи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардошаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.