расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд

. / Ҳаводис

КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳамасола аз боронҳои тӯлонию обхезӣ, омадани селу ярч, фаромадани тарма баамаломада, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ расонида мешавад
 Ин ниҳод эълон кардааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 193 ҳодиса ва зуҳуроти хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шудааст.  Аз ин шумора 25 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расонда, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бо дастгирии Ҳукумат ва ҳамкориҳо бо намояндагии корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои муқими Тоҷикистон ба хоҷагиҳои  зарардида аз офатҳои табиӣ, ёрӣ расонда шуд.
Аз ҷумла, ба аҳолии зарардидаи ноҳияи Хуросон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид.
Ба аҳолии зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод аз заминларза тибқи Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба 26 оилае, ки бар асари заминларзаи 4 июли соли 2020 қисман зарар диданд, кумаки яквақтаинаи моддӣ ба маблағи 25 ҳазору 850 сомонӣ ҷудо гардид.
Инчунин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 10,4 тонна арматура, 1690 дона шифери филизӣ, 78 метри мукааб тахта ва аз ҳисоби хариди иловагӣ 78 тонна семент ва 1040 дона ДВП ҷудо гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ҳар як оилаи зарардида ду ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, 52 ҳазор сомонӣ кумак кард.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони кумита 216 нафар наҷот дода шуд, аз ҷумла ҳангоми тармафароӣ, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ, кушодани дарҳои оҳанин, садамаи нақлиётӣ, дар дохили лифт мондан ва дар дигар амалиётҳои наҷотдиҳӣ.
Дар ин давра дар кӯлу дарёҳои кишвар 99 шаҳрванди ҷумҳурӣ ғарқ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.