расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти шоири ҷавон Алишери Муҳаммадӣ дар 43-солагӣ

. / Ҳаводис

Даргузашти шоири ҷавон Алишери Муҳаммадӣ дар 43-солагӣ

Наздиконаш мегӯянд имшаб бар асари бемории қалб даргузаштааст.

Сурат: аз саҳфаи фейсбукии марҳум
Алишери Муҳаммадӣ, шоир, файласуф, мутарҷим ва номзади илмҳои фалсафа дар синни 43-солагӣ бар асари бемории қалб даргузашт.
Гуфта мешавад маросими ҷаноза ва видоъ бо Алишери Муҳаммадӣ дар маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе, дар  кӯчаи Гулкорони гузари Сабзикор соати 14.00 баргузор мегардад.
Алишери Муҳаммадӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки вақтҳои охир ба унвони муҳаррир дар Энсиклопедияи миллии тоҷик кор мекард.
Алишери Муҳаммадӣ аз донишмандони насли нави Тоҷкистон дониста мешуд, ки узвияти Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро ҳам дошт. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.