расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БУЗУРГТАРИН НОБИҒАИ ТОҶИК АЗ БО МАРГ ДАСБАГИРЕБОН АСТ.

. / Ҳаводис

БУЗУРГТАРИН НОБИҒАИ ТОҶИК АЗ БО МАРГ ДАСБАГИРЕБОН АСТ.

Ҳошим Гадо, коргардон ва ҳунарманди машҳури театру синамои тоҷик ба бемории Коронавирус гирифтор шудааст.

Ӯ ҳоло дар шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шудааст.
Дар занги телефонӣ бо яке аз корбарони сомонаи Спутник Ҳошим Гадо гуфтааст: "Духтурон шабу рӯз нигоҳубинам доранд. Ҳозир ҳам омадаанд, ки доруям диҳанд. Ба ҳама бигӯед, ки вазъам хуб аст".
Аммо бино ба гуфтаи рӯзноманигор Ҷумъахони Сайидалӣ, ки тайи 35-сол бо Ҳошим Гадо робитаи наздикӣ дӯстӣ дорад ва пайваста аз ҳоли ӯ бо хабар аст, ҳунарманди маҳбуб ба “вируси ковид” гирифтор буда ҳолаш наонқадар хуб аст.
"Ҳар рӯз бо он кас тилфонӣ суҳбат мекунам. Рӯзҳои аввал бардам сӯҳбат мекарданд, ҳоло садояшон хаста шудааст. Даргузашти устод Баҳманёр ин паёмро ба мо, қабл аз ҳама зиёиён, дод, ки бояд ба қадри бузургони миллати худ бирасем. Пас аз марги онҳо оҳу шеван фоида надорад. Устод Ҳошим ба пул ниёз надорад, зеро мухлисонаш зиёданд, ки ӯро дастгирии молӣ мекунанд. Ӯ ба таваҷҷӯҳи мо ниёз дорад", - гуфтааст Ҷумъахони Сайидалӣ.
Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.
 
Аз соли 1961 то имрӯз ҳунарпеша ва коргардони Театри академию драмавии Лоҳутии шаҳри Душанбе буда, аз соли 1963 дар синамо низ нақшофаринӣ кардааст.
Дар беш аз 50 филми тоҷикиву хориҷӣ, назири “Набарди се шоҳ” (1990), “Ритсарҳои кӯли сиёҳ” (1983), “Рустам ва Сӯҳроб” (1971) , “Ситораи Улуғбек” (1964) ва ғайра нақш бозидааст.
Ҳошим Гадо пурунвонтарин ҳунарпешаи тоҷик аст. Танҳо нафарест, ки дар замони Шӯравӣ ҳам унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР ва ҳам барандаи Ҷоизаи давлатии СССР – ро гирифтааст (1987).
Ӯ ҳамзамон Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973) ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017) аст.
Бино ба ривоятҳо, шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, бозии Ҳошим Гадо дар намоишномаи "Рустам ва Сӯҳроб" - ро дар Театри Лоҳутӣ дида, сахт таҳти таъсир афтода, ҳатто гириста, аз ҳуш рафтааст.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/buzurgtarin-nobiai-toik-az-bemorii-koronavirus-ran-mekashad

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.