расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » АЙБДОРКУНАНДА АЗ ДОДГОҲ БАРОИ ШАҲРДОРИ СОБИҚИ КӮЛОБ БАҲРОМ ИНОЯТЗОДА 14 СОЛИ ЗИНДОН, БАРОИ РОНАНДА ВА ЁРДАМЧИАШ 9 ВА 5 СОЛ ТАЛАБ КАРДААСТ

. / Ҳаводис

АЙБДОРКУНАНДА АЗ ДОДГОҲ БАРОИ ШАҲРДОРИ СОБИҚИ КӮЛОБ БАҲРОМ ИНОЯТЗОДА 14 СОЛИ ЗИНДОН, БАРОИ РОНАНДА ВА ЁРДАМЧИАШ 9 ВА 5 СОЛ ТАЛАБ КАРДААСТ

Рӯзи 12 ноябр айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ҳамчун муҷозот 14 соли зиндон талаб кардааст. Айбдоркунанда аз додгоҳ ҳамчунин барои Хурсанд Хуррамов, ронандаи собиқи раиси Кӯлоб 9 соли зиндон ва барои ёрдамчиаш Фирӯз Қурбонов 5 соли зиндон талаб кардааст. Тафтишот бар ин аст, ки Иноятзода маҳз тавассути ронанда ва ёрдамчиаш аз корафтодагон ва асосан барои ҷудо кардани қитъаҳои замин пора мегирифт. Баҳром Иноятзода ва ронандаву ёрдамчиаш дар аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуданд.
Рӯзи 13 ноябр дар мурофиаи парвандаи пурсарусадои раиси собиқи Кӯлоб баҳси тарафайн сурат гирифта, сипас адвокатҳо ва айбдоршавандаҳо сухани охирини худро мегӯянд ва баъди ин додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад. Интизор меравад, ҳукми Баҳром Иноятзода ва ронандаву ёрдамчиаш ҳафтаи оянда эълон шавад.
Қаблан мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки Иноятзода бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - моддаҳои 314 қисми2, (сӯистифода аз ваколатҳоимансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтанипора дар ҳаҷмибузург), 245 қисми 2 (азони худ карданимолу мулки базимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣдодани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бороҳи ҷиноят бадаст омадаайбдормешавад. Иттиҳоми дузанагӣ,ки дар аксарҳолат ҷаримаро пешбинӣмекунадаз парвандаиӯ лағв шудааст.
Наздикони Баҳром Иноятзода мегӯянд, ки ба даст доштани ӯ дар коррупсия бовар надоранд. Хоҳари Иноятзода гуфт, агар бародараш ба фасод даст мезад, 5 бародари ӯ барои мардикорӣ ба Русия намерафтанд, дар ҳамин Кӯлоб барояшон ҷои кор пайдо мекард.
Баҳром Иноятзода, ки қаблан узви Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Истаравшан буд, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Рӯзи 8 июн, дар пайи боздошташ, Иноятзодаро бо фармони президент аз мақом барканор карданд.
Иноятзода то имрӯз дар Тоҷикистон баландпоятарин мақоми давлатӣ аст, ки бо иттиҳоми коррупсия боздошт шудааст. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки Иноятзода дар аввали соли ҷорӣ дар нишасти хабариаш ширкати "Комил-2010”-и Бег Сабурро ба сарпечӣ аз пардохти 4 миллион сомонӣ андоз айбдор кард.
Баҳром Иноятзода рӯзи5 феврал дар нишасти хабариаш гуфтбаидораи андоз дастурдодаастбиноҳои мутааллиқба писари БегСабурро бандандВайафзудба шабакаҳоибарқу идораи обҳам гуфтаандинтиқолигармиву рӯшноӣ ваобро ба инбиноҳо қатъ кунанд.
"Бег Сабур зиёда аз чаҳор миллион сомонӣаз андоз қарздор аст ва ягон зарра пулро намедиҳадСупориш додемки тамоми чораҳои таъхирнопазирро андешандДигар ин тавр намешавадДушанберо бинеднисбат ба ӯчӣкор кардандтамоми сохтмонҳояшро манъ кардандМо низ ҳамин тавр мекунемБас аст. Як Хоҷа Аҳрори Валӣпайдо шудааст," – гуфта будшаҳрдори собиқи Кӯлоб дарон нишасти хабарӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.