расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти чор нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошти чор нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ

570
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми ноябри соли 2020, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор 520-сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 18, 21 ва 22-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дустӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон шаби 9-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 24:00, бо роҳи пинҳонӣ ба тавақуфгоҳи ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син-силу” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи мазкур даромада, қисмҳои эҳтиётии тракторро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.