расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки аз моҳи феврал то моҳи апрели соли 2020, марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 47 ҳазору 500 сомонӣ, 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-3»-ро гирифта ваъда додааст, ки хона харида медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Зарари расонидашуда 53 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайан карда шуд, ки санаи 20-уми ноябри соли 2019, ҷавони 22-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2019, ҷавони 22-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6 ҳазору 50-сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.