расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ФАВРӢ: ДАРГУЗАШТИ МУДИРИ ШУЪБАИ УМУМИИ ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ИНОМ УСМОНӢ

. / Ҳаводис

ФАВРӢ: ДАРГУЗАШТИ МУДИРИ ШУЪБАИ УМУМИИ ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ИНОМ УСМОНӢ

Усмонӣ Ином Султонзод – мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси вилояти Суғд дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Мамнур Мэлс Нурзода, як корманди бахши матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ки Ином Усмонӣ рӯзҳои охир ба бистари беморӣ афтода буд: "Имрӯз ба телефони устод тамос гирифтам. Рости телефонашон хомӯш буд. Ба фикр фурӯ рафтам. Бегоҳӣ иттилоъ пайдо кардам, ки устоди гиромиқадр моро абадан падруд гуфтанд. То лаҳзаҳои вопасини умр устоди гиромӣ бо халқ ва дар хизмати мардум буданд. Ба наздикону пайвандон ва шогирдон ин талафоти бузургро таслият гуфта, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.” Дар бораи иллати марги ин мансабдори баландпоя чизе гуфта нашудааст.
Усмонӣ Ином Султонзод 9 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1980 Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Г.Чернышевский шаҳри Саратовро бо ихтисоси филолог, устоди забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёде дар макотиби вилояти Суғд аз забон ва адабиёти рус дарс гуфта, беш аз 20 сол собиқаи кор дар сохторҳои давлатиро дошт. Ином Усмонӣ аз моҳи августи соли 2015 дар мақоми мудири шуъбаи кадрҳо ва дар ин авохир дар мақоми мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси вилояти Суғд ифои вазифа мекард.

Nurzoda Mamnur Mels

Фалак фарзонагонро куштанат чист? - боз як ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ ва инсони комиле моро падруд гуфтанд

Санаи 13 октябри соли равон ҳамроҳи Aълочии саноати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ, сокини шаҳри Бӯстон Мороз Николай Степанович ва чанде аз донишмандону ходимони намоёни вилоят дар утоқи кории устод Усмонӣ Ином Султонзод дидор доштем. Пас аз сӯҳбати тӯлонӣ устод яке маводи эҷодии худро дар саҳифаҳои зиёди чопӣ ба Николай Степанович дода, хоҳиш намуданд то фикру андешаҳои худро барои такмили мавод пешниҳод намоянд.
Охирҳои моҳи октябр устод ба ман тамос гирифта хоҳиш намуданд то андешаи Николай Степановичро вобаста ба маводи эҷодиашон фаҳмида маводро барояшон дастрас намоям.
Санаи 4 ноябр Николай Степанович ба утоқи кории банда ташриф оварда, дар ҳаҷми як саҳифаи чопӣ андешаҳои худро пешниҳод намуданд. Пас аз пешниҳоди мавод Николай Степанович зикр доштанд, ки чанде пеш бо Усмонӣ Ином Султонзод дар тамос будем ва мавсуф дар бистари беморӣ қарор доранд ва нахостам нороҳат созам. Аз ин рӯ, ту маводро ба устод дастрас карда, андешаҳои моро пешниҳод кун. Агар ягон ҷои нофаҳмо бошад устод ба ман занг мезананд.
Хулоса, пас аз чанд вақти умедвориҳо, имрӯз ба телефони устод тамос гирифтам. Рости телефонашон хомӯш буд. Ба фикр фурӯ рафтам. Бегоҳӣ иттилоъ пайдо кардам, ки устоди гиромиқадр моро абадан падруд гуфтанд.
Рӯҳи покатон шоду хонаи охирататон обод бод устоди азиз.
Усмонӣ Ином Султонзод – мудири Шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят 9 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат-тоҷик.
Маълумоти олӣ дорад. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Г.Чернышевский шаҳри Саратовро хатм намудааст. Ихтисосаш филолог, устоди забон ва адабиёти рус мебошад.
Фаъолияташро солҳои 1980-1983 ба ҳайси устоди кафедраи инкишофи нутқи шифоҳии русии Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров оғоз кардааст. Солҳои 1983-1984 мудири шӯъбаи Марказии илмию методии идораи фарҳанги кумиҷроияи вилоят, солҳои 1984-1985 омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Б.Ғафуров, солҳои 1985-1989 котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи қишлоқи Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, солҳои 1989-1991 омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Б.Ғафуров кор кардааст.
Аз соли 1991 то 1993 устоди кафедраи забонҳо, мудири кафедраи таълиму тарбияи томактабӣ ва ибтидоии Донишкадаи такмили ихтисос, солҳои 1993-1997 мутахассис – мудири бахши протоколӣ, сармутахассис, муовини мудир, мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои Ҳукумати вилоят фаъолияташро идома додааст.
Солҳои 1997-1997 мудири шӯъбаи I ва кадрҳои Иттиҳодияи нақлиёти вилоят, солҳои 1997-1999 афсари қисми ҳарбии 2850 Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1999-2002 муовини мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои Ҳукумати вилоят, солҳои 2002-2007 мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2007-2008 сардори Раёсати ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.
Аз моҳи июн то декабри соли 2008 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт.
Солҳои 2008-2009 фаъолияташро ҳамчун мудири шӯъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома дода, аз моҳи апрел то августи соли 2009 сармутахассиси шӯъбаи маъмурии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2009-2011 сармутахассис оид ба корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят ва шурӯъ аз моҳи апрел то июни соли соли 2011 мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст.
Аз соли 2011 то августи 2015 дар вазифаи мудири шўъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси вилоят корҳои кардааст.
Аз 7 августи соли 2015 мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид.
То лаҳзаҳои вопасини умр устоди гиромӣ бо халқ ва дар хизмати мардум буданд.
Ба наздикону пайвандон ва шогирдон ин талафоти бузургро таслият гуфта, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.