расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемия

. / Ҳаводис

Коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемия

Лекин дар Хатлону Душанбе баръакс, афзоиш ба қайд гирифта шудааст.

Сурат: capost.media
Давоми 7 моҳи аввали соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 12,5 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ сабт шуда буданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 7 моҳи соли равон ин нишондиҳанда беш аз 12,2 ҳазор ҳодиса (2% коҳиш)-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, сабти ҷиноятҳои вазнин қариб 8%: аз 2,8 ҳазор дар ҳамин давраи соли 2019 то ба 2,6 ҳазор дар соли равон кам шудааст.
Сабти ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба куштор, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус ва суиқасди таҷоовуз ба номус нисбатан ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар шароити пандемияи коронавирус сабти далелҳои роҳзанӣ, дуздӣ, аз ҷумла дуздӣ дар хонаҳо ва ғоратгарӣ афзудааст.
Бақайдгирии ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд ба миқдор 10,5%, ноҳияҳои тобеи марказ - 5,1% ва ВМКБ - 2,9% кам шудааст.
Баръакс, сабти далелҳои ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон ба миқдори 10,4% ва шаҳри Душанбе - 3% боло рафтааст.
Сабти делелҳои ҷинояткории иқтисодӣ аз оғози сол 14,9% коҳиш ёфтааст: аз 2 ҳазор ҳолат дар моҳҳои январ-июли соли гузашта то ба 1,7 ҳазор ҳолат дар ҳамин давраи соли равон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.