расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 3 кас, аз ҷумла 2 кӯдак дар садамаи нақлиёт

. / Ҳаводис

Ҳалокати 3 кас, аз ҷумла 2 кӯдак дар садамаи нақлиёт

Ҳодиса дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ рух дод.

Сурат: Акси марбута аз торнамои nsktv.ru
Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки рӯзи 8 ноябр рух дод, 3 кас, аз ҷумла 2 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини шаҳри Ваҳдат Баҳром Зикриллоеви 35-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар километри 25-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебаорояд ва ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо» таҳти идораи ронанда Аваз Маҳсиддинзодаи 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Неъматободи ноҳияи Ҳамадонӣ бармехӯрад.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи бархӯрд ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” ва ду ҷияни ноболиғаш - Нигина Зикриллоеваи 2-сола ва Азамат Зикриллоеви 4-сола ба ҳалокат расидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.