расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ВКД тирпаронии Хоруғро шарҳ дод

. / Ҳаводис

ВКД тирпаронии Хоруғро шарҳ дод

Вале ҷузъиёти бештари ҳодиса ҳанӯз пешниҳод нашудааст.

Сурат: Фейсбук, саҳифаи Комчек Мирзоев
Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи тирпаронии рӯзи 4-уми ноябри шаҳри Хоруғро шарҳ дод. Дирӯз дар шабакаи фейсбук корбаре бо номи Комчек Мирзоев бо гузоштани чанд акс навишта буд, ки "дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд".
Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ кормандони мақомотро ба он муттаҳам мекард, ки "ҳарчанд қонунгузорӣ тирпарронӣ дар ҷои аҳолинишинро манъ кардааст, хушбахтона ягон нафар аз сокинон осеб надид. Аз тарафи сокинон ягон муқобилиат ҳам нишон дода нашуд".
Дафтари матбуоти ВКД имрӯз ин ҳодисаро шарҳ дод. Бино ба навиштаи ин ниҳод "4-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, шаҳрванд Зикилобеков Сино Файзулобекович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи №50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 00-05 ВЕ 07, дар дидбонгоҳи амалкунандаи БДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, ба самти шаҳри Хоруғ фирор менамояд".
ВКД ҳамчунин шарҳ дода, ки "ҳангоми пайгирии автомашинаи мазкур як гурӯҳ ҷавонон дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Хоруғи боло ба фаъолияти қонунии кормандони БДА монеагӣ эҷод карда, нисбати онҳо муқобилият нишон додаанд. Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст".
То кунун назари ҷониби Сино Зикилобеков ба расонаҳо дастрас нест, аммо аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ахбори муфассали ҳодисаи мазкур ба зудӣ нашр хоҳад шуд ва ҳоло бошад тафтишоти пешакӣ идома дорад. Инчунин манбаъ илова намуд, ки “то ҳол ҷавони фирорӣ боздошт нашудааст ва тирпаронӣ ба тарафи ҳаво низ ба хотири пароканда намудани ҷавонон буд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.