расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти иҷрочии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои 2500 сомонӣ

. / Ҳаводис

Боздошти иҷрочии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои 2500 сомонӣ

Агентии мубориза бо фасод мегӯяд, ин иҷрочиро ҳангоми гирифтани ришва дастгир кардааст.


Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар додааст, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидзода Ҷовид Ҷобирро  бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 2500 сомонӣ боздошт кардааст.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз 4 ноябр иттилоъ дод, Ҷовид Саидзода, рӯзи 3 июни соли равон  "ин маблағро аз  шаҳрванд “А” дар ивази дароз намудани муҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дошт", талаб намудааст. 
Манбаъ мегӯяд, ки худи ҳамин рӯз  шаҳрванд “А” ба Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муроҷиат намуд.
Зимни  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ Ҷовид Саидзода  дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати гумонбаршуда, бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.