расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Наҷотбахшони КҲФ “Дулан”-ро аз Фондарё берун оварданд

. / Ҳаводис

Наҷотбахшони КҲФ “Дулан”-ро аз Фондарё берун оварданд

Онҳо ба маълумот дар Facebook фавран расидагӣ намуданд.

Сурат: Facebook
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ автомашинаи боркаши “Дулан”-ро бо 30 тонна ангишт, ки аз ҷарии 25-метра ба Фондарё сарозер рафта буд, берун оварданд.
Наҷотдиҳандагони Кумита аз ин ҳодисаи рухдода дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз Facebook воқиф гардида, дарҳол расидагӣ намуданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва 3 техникаи махсус барои аз ҷарӣ берун кашидани мошини боркаш ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, - хабар дод котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфӣ.
Маълум шудааст, ки садама ҳанӯз рӯзи 31 октябр дар километри 97-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ рух додааст.
“Ронанда Афзалшо Шодиев, сокини шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошини боркаши тамғаи “Дулан” ба ҷарии умқаш 15 метри дарёи Фон сарозер шудааст. Хушбахтона, худи ронанда осеб надидааст”, - хабар доданд дар КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки то 3 ноябр на ронанда ва на каси дигар барои кумак ба Кумита муроҷиат накардаанд.
“Аз ин ҳодиса наҷотбахшон дар Facebook огаҳӣ ёфтанд. Муаллифи мавод навишта буд, ки “дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад”. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки ин мошинро ба 21 ҳазор доллар харидаву дар қарз ғӯтавар шудааст”, - гуфтанд дар Кумита.
Наҷотдиҳандагони Кумита дар ҳамдастӣ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва техникаи махсус автомашинаро аз дарё берун кашида, ба роҳ бароварданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.