расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Вазъи 3 нафар заҳролудшудаҳои Данғара то ҳол вазнин аст

. / Ҳаводис

Вазъи 3 нафар заҳролудшудаҳои Данғара то ҳол вазнин аст

Маҳсулот аз бозор харидорӣ нашуда, хонагӣ будааст.


Вазъи саломатии се нафар аъзои ду хонаводае, ки дар ноҳияи Данғара аз бодирингу помидори консервшуда заҳролуд шуда буданд то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад.Онҳо дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд, аммо ба ҳуш омадаанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ сардори маркази матбуоти КҲФ ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ саломатии шаш нафари дигар қаноатбахш арзёбӣ гардида, зери назорати табибон дар беморхона қарор доранд.
Ба иттилои Юсуфӣ, "памидору бодиринги консервшуда хонагӣ буда, аз мағоза харидорӣ нашудааст. Аъзои ин ду хонавода хешу табор буда, баъди истеъмоли маҳсулот заҳролуд шудаанд", - илова кард Умеда Юсуфӣ.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз дар ноҳияи Данғара пас аз истеъмоли бодирингу помидори консервшуда 11 нафар аъзои ду хонавода аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 9 нафари онҳо фавран дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. 
Як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтида, ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад”, - қайд мешавад дар маълумоти Кумита.
Дар ин робита Кумита аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки вақти омода намудани консервҳои сабзавоту мевагӣ талош кунанд, ки кулли қоидаҳои беҳдоштӣ ва бехатариро риоя кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.