расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ БОЗ ЯК ТАБИБИ ҲОЗИҚ ДАР ХУҶАНД: САДРИДДИН РАҲИМОВ АЗ РӮЗИ АВВАЛ ДАР ХАТТИ ЯКУМИ НАБАРД БО КОРОНАВИРУС ҚАРОР ДОШТ

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ БОЗ ЯК ТАБИБИ ҲОЗИҚ ДАР ХУҶАНД: САДРИДДИН РАҲИМОВ АЗ РӮЗИ АВВАЛ ДАР ХАТТИ ЯКУМИ НАБАРД БО КОРОНАВИРУС ҚАРОР ДОШТ

Садриддин Раҳимов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи вилоятӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 ноябр аз олам чашм пӯшид. Садриддин Раҳимов аз ҷумлаи табибоне буд, ки аз ибтидо дар хатти аввали ҷабҳаи мубориза бо коронавирус қарор дошт ва садҳо нафарро аз коми ин вабо наҷот додааст.
Замониддини Насриддин, олими тоҷик, ки хабари марги Садриддин Разимовро дар Фейсбук нашр кард, ӯро «яке аз ҷарроҳони сатҳи ҷаҳонии вилояти Суғд» ва «духтури дараҷаи олӣ» номида, навиштааст: «Дасти шифобахши ин табиби исавиҳуш тани дардманди ҳазорон беморонро шифо бахшида аст. Аз аввали пайдо гаштани бемориҳои мансуб ба Коронавирус, дар ҷабҳаи мубориза бо ин вабо истода, табобати гирифторони ин бемории беамонро ба дӯш дошт. Рӯҳат шод бод, табиби ҳозиқ!»

Дар як шабонарӯзи охир ин дуюмин табиби маъруф аст, ки дар Хуҷанд тарки ин дунё мекунанд. Исматулло Ибодуллоев, мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, шоми 3 ноябр дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Ӯро субҳи 4 ноябр дар зодгоҳаш – ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба хок супурданд. Исматулло Ибодуллоев тамоми моҳи октябр дар хонааш аз бемории монанд ба «илтиҳоби шуш» табобат мегирифт.

Замониддини Зайниддини Насриддин
Имрӯз қалби яке аз ҷарроҳони сатҳи ҷаҳонии вилояти Суғд, мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи вилоятӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ, инсони шариф Раҳимов Садриддин Сайфиддинович аз тапидан боз монд.
Садриддин Сайфиддинович аз соли 1994 фаъолияти худро дар беморхонаи вилоятии вилояти Суғд оғоз намуда, аз соли 2001-ум роҳбарии шӯъбаи ҷарроҳии калонсолонро ба ӯҳда дошт.
Дасти шифобахши ин табиби исавиҳуш тани дардманди ҳазорон беморонро шифо бахшида аст.

Аз аввали пайдо гаштани бемориҳои мансуб ба Коронавирус, дар ҷабҳаи мубориза бо ин вабо истода, табобати гирифторони ин бемории беамонро ба дӯш дошт.
Рӯҳат шод бод, табиби ҳозиқ!

ДАРГУЗАШТИ ТАБИБИ УРОЛОГИ ШИНОХТА ИСМАТУЛЛО ИБОДУЛЛОЕВ АЗ «ИЛТИҲОБИ ШУШ»
Исматулло Ибодуллоевмудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии шаҳри Хуҷандшоминоябр дар синни 60 аз олам чашм пӯшидТабиби шинохтаро субҳиноябр дар зодгоҳаш – ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба хок супурдандБино ба иттилои расмӣИбодуллоев тамоми моҳи октябр дар хонааш аз бемории монанд ба «илтиҳоби шуш» табобат мегирифт.

Исматулло Ибодуллоевмайи соли 1960 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудасоли 1983 Донишкадаи тиббии ба номи Абӯалӣ Синоро хатм кардаастӮ тамоми умр ба ҳайси табиби уролог кор кардааастӮ солҳои 2004-2010 мудири шуъбаи ҷарроҳии Маркази табобатию солимгардонии "Нур” фаъолият кардабори нахуст усули нави ҷарроҳии бибуни бурриш (эндохирургия)-ро ба роҳ андохтаастАз соли 2011 мудири шуъбаи андрологияи Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд буд.

Даргузашти Ибодуллоевтабиби шинохтаи тоҷик аз "илтиҳоби шуш"

Исматулло Ибодуллоев, мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд дар синни 60-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik.Ибодуллоев, урологи варзидаи тоҷик, як моҳ ба ин тараф аз бемории "илтиҳоби шуш” табобат мегирфт, вале бегоҳии дирӯз аз олам даргузашт, хабар доданд манобеъ аз Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

"Дар хонаашон табобат мегирифтанд. Дирӯз хабар доданд, ки даргузаштааст. Саҳарии имрӯз маросими видоъ бо Исматулло Ибодуллоев баргузор гардид. Марҳум аз урологҳои варзидаи тоҷик буданд ва барои рушди ин соҳаи тандурустӣ басо хизматҳои шоён кардаанд. Равонашон шод боду ахираташон обод”, - изҳор дошт манбаъ.
Исматулло Ибодуллоев 8 майи соли 1960 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абӯалӣ Синоро хатм намуда, тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ аз ҳамон сол фаъолияти касбиашро ба ҳайси духтур-уролог дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) шурӯъ намудааст. Ба маҳзи кӯшишҳои вай, фаъолияти ҳуҷраҳои эндоскопӣ дар як қатор шаҳрак ва ҷамоатҳои Суғд ташкил ва муолиҷаи бемориҳои урологӣ аз қабили варикозселле, касалии узвҳои роҳи пешоб, санги пешобдон, захмҳои санги пешобдон роҳандозӣ карда шудааст.

Ибодуллоев, соли 1984 барои кор ба шуъбаи урологияи Бемористони клиникавии Суғд гузашта, дар ин ҷо ҳамчун уролог-ҷарроҳ ташаккул ёфтааст. Аз таҷрибаи кори бо муваффақи урологҳои тоҷик дар конфренсияҳои илмии соҳа матолиб ироа намудааст.

Фаъолияташро ба назар гирифта, соли 1987 вайро барои кор ба Бемористони ба номи Ибни Сино ба кор даъват намудаанд. Ибодуллоев дар ин муддат худро ҳамчун ҷарроҳ – уролог, омӯзгор ва корманди илмии пуртаҷриба нишон дод. Ӯ аввалин табибест, ки ба фаъолияти клиникии урологӣ услуби пешгирии хунравии ҷарроҳии ғадудомоси ғадуди пешҷой бо маҳлули "кваси” кори бомуваффақи тадқиқотӣ анҷом додааст. Исматулло Ибодуллоев, солҳои 1992-2004 дар шуъбаи урологии Беморхонаи клиникавии Суғд буд.
Солҳои 2004 то соли 2010 мудири шуъбаи ҷарроҳии Маркази табобатию солимгардонии "Нур” фаъолият карда, бори нахуст усули нави ҷарроҳии бибуни бурриш (эндохирургия)-ро ба роҳ андохтааст. Аз соли 2011 мудири шуъбаи андрологияи Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд буд. Субҳи имрӯз ҷанозаи марҳум бо ҳузури прайвандон ва ҳамкоронаш дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.