расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ФАВРӢ! ТИРПАРРОНӢ ДАР ХОРУҒИ БОЛО (4 АКС)

. / Ҳаводис

ФАВРӢ! ТИРПАРРОНӢ ДАР ХОРУҒИ БОЛО (4 АКС)

Як корбари Фейсбук бо номи Аламут Памир Москов бо нашри чанд акс хабар дод, ки рӯзи 4 ноябр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи Хоруғи боло (Бархоруғ)-и шаҳри Хоруғ тирпарронӣ кардаанд. Бино ба ин манбаъ, "хушбахтона, ягон нафар аз сокини осеб надид”. Ӯ тирпарронӣ аз ҷониби мақомотро "бе ягон асос” ва ғайриқонунӣ номидааст, чунки, ба гуфтаи ӯ, "қонунгузорӣ тирпарронӣ дар ҷои аҳолинишинро манъ кардааст”.
Сабаби тирпарронӣ шарҳ дода нашудааст. Мақомот ин ҳодисаро то ҳаз расман шарҳ надодаанд. Дар аксҳои нашршуда чанд тир дар рӯи роҳ нишон дода мешавад ва асобати тир ба чархи як мошин ва чархи дигаре, ки резинаш реза-реза шудааст. Вале Аламут Памир Москов навиштааст, ки "аз тарафи сокинон ягон муқобилият нишон дода нашуд."

Хабари тирпарронии ахир дар ҳолест, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз моҳи сентябри соли 2018, инак 2 солу 2 моҳ боз амалиёти таъмини тартибот идома дорад. Ду сол пеш дар пайи интиқоди шадиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботу риояи қонуният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб тамоми роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва амниятиву интизомии ин минтақа барканор гардида, як ситоди байниидоравии таъмини тартибот дар ин вилоят таъсис дода шуд. Дар ҳамон шабу рӯз воҳидҳои вижаи КДАМ ва ВКД, аз ҷумла ОМОН, СОБР ва гуруҳи "Алфа” барои таъмини тартибот ва қонуният ба ВМКБ фиристода шуданд. Бо гузашти беш аз ду сол ин нирӯҳои иловагӣ, аз ҷумла "Алфа” ва ОМОН то ҳол дар Бадахшон боқӣ мондаанд.

Дар ин байн дар ВМКБ чанд дафъа эътирозҳо аз ҷумла бо талаби аз вилоят пас бурдани нирӯҳои иловагии қудратӣ баргузор шуданд. Бори охир намоишҳои эътирозӣ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар поёни моҳи май ва аввали моҳи июн доир шуданд. Аҳолӣ аз мақомот талаб доштанд, ки даст аз таъқиби чанд ҷавони маҳаллӣ бардоранд.
Аламут Памир Москов
Дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд. Ҳарчанд қонунгузорӣ тирпарронӣ дар ҷои аҳолинишинро манъ кардааст. Хушбахтона ягон нафар аз сокинон осеб надид. Аз тарафи сокинон ягон муқобилиат ҳам нишон дода нашуд
 






Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.