ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИКИСТОН УМЕДА ПАРСАЕВА БА САДАМА ДУЧОР ШУД
Як рӯз қабл дар саҳифаи инстаграми “Ҳодиса.тв” наворе нашр шуд, ки дар он аз рух додани садама бо Умеда Парсаева иттилоъ дода мешавад.Як рӯз қабл дар саҳифаи инстаграми “Ҳодиса.тв” наворе нашр шуд, ки дар он аз рух додани садама бо Умеда Парсаева иттилоъ дода мешавад.
Як шахси наздик ба хонаводаи Умеда дар суҳбат бо мо гуфт, ки алҳол вазъи худи бону хуб аст, вале нақлиёташ сахт осеб дид. “Барои мо дӯстон муҳим саломатии Умеда аст, зеро мошин ёфт мешавад”, - гуфт ӯ.
Умеда Парсаева соҳиби лоиҳаи бузурги интернет - мағозаи “Чарм” ва яке аз блогербонувони муваффақи тоҷик аст. Хабари мазкур то ҳол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон тасдиқ ё рад нашудааст. Кӯшиши мо барои тамос бо Умеда бенатиҷа баромад.
Талош мекунем, то бо худи ӯ суҳбат кунем ва тафсилоташро ҳатман нашр менамоем.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/zebosanami-toikiston-ba-sadama-giriftor-shud?fbclid=IwAR0uklJd4igwgN8tGo8qqixdXeFuI91dXwtXdz4EYs6YcIZcRxGpg2JMFkk