расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДУХТАРОНИ КОНИБОДОМРО КӢ БАДНОМУ ШАРМАНДА МЕКУНАД?

. / Ҳаводис

ДУХТАРОНИ КОНИБОДОМРО КӢ БАДНОМУ ШАРМАНДА МЕКУНАД?



Дар мессенҷери Телеграм паблике бо номи "Нетипичный Канибадам” пайдо шудааст, ки ба паҳн кардани маълумоти бадномкунанда дар бораи духтарон ва занони ҷавони Конибодом машғул аст. Дар ин бора ба сомонаи "Ахбор” яке аз сокинони Конибодом хабар дод.
Ин хонандаи "Ахбор” мегӯяд: "Дар ин паблик аксҳои занону духтарони мардумро нашр карда, ба рӯи онҳо тамғаи фоҳишаву танфурӯш мезананд ва шарманда карда истодаанд. Ончӣ ки инҳо дар Телеграм мегузоранд, дар ягон чорчӯбаи одамгарӣ намегунҷад. Ман худам духтар надорам, вале охир чӣ ҳақ доранд, ки духтарони мардумро чунин шарманда кунанд? Дилам ба ин духтарҳо месӯзад. Бе ин ҳам худаш зиндагии вазнин доранд...”
Таҳқиқи сомонаи "Ахбор” нишон дод, ки паблики "Нетипичный Канибадам” ба тозагӣ бо як рақами телефони Русия таъсис дода шуда, дар байни ҳамагӣ чанд рӯз тавонистааст алакай беш аз 7 ҳазор обуначӣ ҷамъ биорад.
Масъулони паблик онро "паблики ҷанҷолӣ барои мубориза бо духтарони бадахлоқ ва блогерҳо” ("скандальный чат по борьбе с плохими девочками и блогерами”) муаррифӣ мекунанд.
Дар ин паблик чанд матлаб дар бораи мансабдорониришвахӯри Конибодом низ ҳаст, вале тавре ба назар мерасад, он асосан ба мубориза бо духтарони, ба ақидаи маъмурони ин паблик, «бадахлоқ» машғул аст.
Дар паблик аксҳои занони ҷавони асосан аз шавҳаронашон ҷудошуда гузошта мешавад ва бо як лаҳни қабеҳи пур аз дашноми кӯчагӣ иддао мекунанд, ки гӯё ин ҷавонзанҳо баъди ҷудо шудан аз шавҳар дастбадаст шудаанд.
Барои мисол, як ҷавони сокини Конибодомро айбдор мекунанд, ки ҳамсараш дар Русия «дода гаштааст», вале ӯ пеши роҳашро намегирад. Аз ин ҷавон талаб кардаанд, ки худаш мӯи сари занашро тарошида, видеояшро фиристад, вагарна шармандааш мекунанд.
Як зани дигарро ба он айбдор мекунанд, ки дар Маскав бо озариҳо хуфтухез дорад ва бо роҳи танфурӯшӣ пул ба даст оварда, ба хушдораш дар Конибодом, ки гӯё корманди милиса будааст, мефиристад.
Як ҷавонзани дигарро ба он айбдор мекунанд, ки бо додари шавҳараш алоқаи ҷинсӣ доштааст ва сабаби ҷанги байни акову уко шуда, талоқ гирифтааст ва ҳоло танфурӯшӣ мекунад.

Рӯзи 1 ноябр дар паблик номаи як нафарро аз Конибодом нашр кардаанд, ки менависад, фошкориҳои ин паблик ба занону духтарон дар ин шаҳр алакай таъсир кардааст: "Ман имрӯз бозор баромадам. Бо шарофати шумо ягон духтари шимпӯш нест. Ҳама бо куртаю рӯймол. Ягон духтарак нест дар кӯча. Канӣ вай духтарҳое, ки мегаштанд дар кӯча?”
Маъмури паблики "Нетипичный Канибадам” бо изҳори қаноат дар шарҳи ин нома навиштааст: "Бингоооо бум! Дальше все дома будут сидеть. Даже курта қатӣ намебарояд кӯча.”

Чунин равиши мубориза бо занону духтарони "бадахлоқ” бо истифода аз фанновариҳои навин падидаи нав нест. Соли 2017 пеш дар Инстаграм саҳифае бо номи "...теҳои Тоҷикистон” пайдо шуда буд, ки ҳамин гуна, аксҳову видеоҳои духтаронро нашр ва онҳоро ба танфурӯшӣ бадном мекард. Чанде аз ин духтарон шикоят карда буданд, ки маъмурони он саҳифа дар ивази пок кардани аксу номашон пули калон тамаъ мекунанд. ВКД Тоҷикистон он вақт гуфт, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад ва соҳибони он саҳифаро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ мекашонад. Вале дар бораи ин ки оё соҳибони он саҳифаи "...теҳои Тоҷикистон” дастгир шуданд ё на?, дигар гузорише дода нашуд.
Зоҳиран ҷавонону наврасони тоҷик чунин гурӯҳҳоро дар пайравӣ ба гурӯҳи "Карфаген”, ки ҷавонони чечен чанд сол пеш дар шабакаи "ВКонтакте” сохта буданд, таъсис медиҳанд. Дар он гурӯҳи баста, ки танҳо чеченҳо метавонистанд узваш шаванд, аксҳои духтарони чеченро, ки либоси ба назари соҳибони ин гурӯҳ урён ба тан доштанд ваё ба ақидаи соҳибони ин гурӯҳ, либосашон урён ба назар мерасад, ё кадом амали ба ақидаи ин ҷавонон дур аз ахлоқ содир кардаанд, нашр мекарданд. Дар зери акс аз наздикони ин духтар талаб мешуд, ки мувозеҳи ахлоқи ӯ бошанд ва миллати чеченро шарманда накунанд. Мақомоти Русия соли 2017 гyрӯҳи "Карфаген”-ро, ки вазифаи ба истилоҳ "пулиси ахлоқ”-ро ба дасти худ гирифта буд, бастанд.
Ҳамсуҳбати мо аз Конибодом изҳори умед кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ таноби соҳибони паблики "Нетипичный Канибадам”-ро хоҳанд кашид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.