расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 3 кас бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

. / Ҳаводис

Ҳалокати 3 кас бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Сабаби пешакии садама суръати хеле баланд унвон мешавад.

Акси марбута
Сурат: аз Fergana.agency
Дар километри 153-уми қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи пойтахт ба ҷарии қариб 900-метра сарозер рафт.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сабаби пешакии садамаро суръати хеле баланди автомашина унвон мекунад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Гуфта мешавад, дар автомашина 3 нафар қарор дошта, наҷотдиҳандагони Кумита бо як душворие онҳоро аз автомашинаи паҷақшуда берун овардаанд.
“Мутаассифона, бар асари ин садамаи нақлиёт ронандаи 53-сола ва мусофирзани 31-солаи он, сокини ноҳияи Варзоб ҳалок шуда, мусофири дигар - сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ оварда мешавад ва дар он ҷо ба ҳалокат расид”, - хабар медиҳад Кумита.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.