расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даст ба роҳзанӣ задани марди қаблан судшуда

. / Ҳаводис

Даст ба роҳзанӣ задани марди қаблан судшуда

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид, ки санаи 28-уми октябри соли 2020, тахминан соати 19:00, дар кӯчаи Айнии пойтахт, шахси номаълум бо корд ӯро таҳдид карда, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 8»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини кӯчаи Ховарони шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 244, 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.