расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ғоратгарии ду ҷавон

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ғоратгарии ду ҷавон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки санаи 27-уми октябри соли 2020, тахминан соати 19:40-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматиаш 2 нафар шахси номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-10”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 17 солаи сокини шаҳри Душанбе ва ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.